Зиёвиддини Нурзод, овозхони шинохтаи эстрадаи тоҷик дастаи мунтахаби футболбозони навраси кишварро ба барномаи консертияш даъват намуд.

Ин иқдоми овозхон дар ҳолест, ки дастаи мунтахаби футболбозони навраси Тоҷикистон (U-16) дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дастаҳои мунтахаби Шри-Ланка, Қувайт, Непал ва Шоҳигарии Урдунро мағлуб карда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Барномаи консертии навбатии Зиёвиддини Нурзод санаи 5-уми октябр, соати 17:00 бо иштироки Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Мардон Мавлонов дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор мегардад.

“Бист даъватнома ба номи футболбозони наврас ба барномаи консертӣ. Бошгоҳашон куҷост? Самимона даъваташон мекунам, аз шӯхӣ берун. Ба ифтихорашон Суруди миллӣ мегузорем. Гулборонашон мекунем, фикр мекунам хушҳол мешаванд ё не? Кӯмакам мекунед барои дарёфташон?”,-навиштааст Зиёвиддини Нурзод дар саҳифаи Фейсбукии худ ва аз мардум барои дарёфти бошгоҳи футболбозон кӯмак хостааст.

Ҳамчунин, овозхон афзудааст, ки “барои Ҳабиб қариб мошинро чаппа мекардему роҳҳоро банд намудем ва оромии мардумро халалдор сохтем… Ин чӣ аст? 22 чипта садқаи сарашон”.

Иқдоми овозхонро корбарони шабакаи Фейсбук хуш пазируфта, ҳар кадоме кӯшиш доранд, то ба Зиёвиддин кӯмак намоянд. Вале овозхон аз омадани футболбозон ба консерташ шак дорад.

Ҳунарнамоии Мардон Мавлонов дар Душанбе бори нахуст нест. Моҳи марти соли 2017 низ дар арафаи ҷашни Наврӯз ҳамроҳ бо Афзалшоҳ Шодиев дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев консерт барпо карда буд.

Мардон Мавлонов соли 1963 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дунё омада, аз маъруфтарин овозхонҳои ӯзбек ба шумор меравад ва дӯстдоронаш дар Тоҷикистон низ кам нестанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here