Шоми 5-уми октябри соли равон барномаи консертии овозхони тоҷик Зиёвиддини Нурзод бо иштироки зиёди мухлисон баргузор гардид.

Чуноне қаблан иттилоъ дода будем, овозхон дастаи мунтахаби футболбозони навраси кишварро низ ба барномаи консертии худ даъват намуда, ба онҳо чиптаҳои ройгон тақдим карда буд.

Овозхон аз оне ки дастаи мунтахаби футболбозони навраси кишвар дар барномаи консертиаш бо сабабҳои номаълум иштирок накарданд, хеле малолу озурда хотир шудааст.

“Аз наомадани футболбозон бисёр малол шудам. Мехостам ин ҷо иштирок кунанд, то барояшон сурудеро ҳадя кунаму ифтихорамро изҳор намоям”,-гуфт Зиёвиддини Нурзод дар сӯҳбат бо сомонаи “Padida”.

Ин иқдоми овозхон дар ҳоле буд, ки дастаи мунтахаби футболбозони навраси Тоҷикистон (U-16) дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дастаҳои мунтахаби Шри-Ланка, Қувайт, Непал ва Шоҳигарии Урдунро мағлуб карда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта буданд.

Ёдовар мешавем, ки дар барномаи консертии Зиёвиддини Нурзод Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон Мардон Мавлонов низ иштирок дошт ва бо таронаҳои ҷаззобаш хотири мухлисони тоҷикистониашро шод гардонид.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here