Санаи 15-ум ва 16-уми июни соли равон дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон 3-юмин Фестивали байналмилалии овозхонҳои эстрадӣ “Star of Asia” баргузор хоҳад гашт.

Дар ин фестивали сатҳи ҷаҳонӣ, ки давоми ду рӯз дар 118 кишвари олам мустақиман пахш мегардад, Тоҷикистонро овозхони ҷавону муваффақ Зулайхо Маҳмадшоева намояндагӣ мекунад.

Дар хусуси иштирок дар “Star of Asia” овозхон дар саҳифаи Инстаграми худ хабар додааст.

Имсол аз хориҷи кишвар 12 нафар, гурӯҳи “PENTAGON” (Кореяи Ҷанубӣ), МОТ (“Black Star”), НАZИМА (“Black Star”), Dan Balan (Молдова), Peck Palit (Таиланд), Согдиана (Ӯзбекистон), Зулайхо Маҳмадшоева (Тоҷикистон), Elvin Gray (Тотористон), Ҷем Белеви (Туркия), Самра (Озарбойҷон), Айдана Дека (Қирғизистон) ва Ҷопон, ки то ҳол исми иштирокчии худро маълум накардааст, дар “Star of Asia” иштирок хоҳанд кард.

Аз худи Қазоқистон бошад, 21 нафар овозхон ҳунарнамоӣ мекунанд, ки тариқи овоздиҳии пешакӣ ба “Star of Asia” роҳ ёфтаанд.

Фестивали байналмилалии овозхонҳои эстрадӣ “Star of Asia” тӯли ду рӯз, 15-ум ва 16-уми июни соли 2019 дар майдони “Медеу” барпо мегардад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here