Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони шинохтаи кишвар бо нашри як акс аз мардум даъват ба амал овардааст, ки мустақилона зиндагӣ карданро омӯзанд.

Овозхон дар саҳифаи Инстаграми худ менависад, ки ба гапи касе гӯш надиҳед ва бо хости худ зиндагӣ намоед, зеро гапи мардум як умр тамомшавӣ надорад.

“Ба андешаи мардуми гирду атроф ту ҳамеша аз ҳад зиёд фарбеҳ, хароб, қадпаст, қадбаланд ва ё ину он ҳастӣ. Онҳо туро то охири умр ғайбат мекунанд, ба ҳамин хотир тавре зиндагӣ кун, ки худ мехоҳӣ”.

Зулайхо Маҳмадшоева бо ин роҳ мехоҳад, муносибати миёни санъаткорон ва мардумро ба танзим дарорад, зеро дар ҷомеаи имрӯз зиёданд нафароне, ки дар ҳаққи нафарони шинохта бадгӯӣ мекунанд.

Имрӯз худи овозхон дар баробари сабти таронаву намоҳангҳои ҷадид, ба тарбияи ду писарчаи худ Муҳаннад ва Юзорсиф машғул аст. “Дилакам” охирин намоҳанги Зулайхо мебошад, ки дар шаҳри Каппадокияи Туркия сабт шудааст.

Ҳамчунин, чанде қабл Раҷ Аҳмад, продюсери овозхон дар барномаи интернетии “Рустамзода шоу” иброз намуд, ки ҳамкорияшро бо Зулайхо қатъ кардааст. Ҳоло ба корҳои овозхон бародараш Ҳавасшоҳ Маҳмадшоев кӯмак мерасонад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here